Ному насаби қурбониёни офати табиӣ дар Шӯрообод
Хабаргузории “Озодагон” ному насаби 13 тан аз қурбониёни фаромадани ярч ва боришоти зиёд дар ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлонро, ки шаби 12 ба 13 апрел иттифоқ уфтод, муайян кард. Ҳамаи фавтидагон аз се хонавода - Нурмуҳаммад Исмоилов, Қурбон Носиров ва Самад Арзиев – будаанд.
1. Холисамо Мустафоқулова, 1956
2. Ҳафизамо Исмоилова, 1980
3. Моҳтоббӣ Афғонова, 1987
4. Меҳрубони Муҳиддин, 2004
5. Гулбарги Муҳиддин, 2005
6. Таманно Исмоилова, 2011
7. Марворид Носирова, 1947
8. Усмоншоҳ Носиров, 1983
9. Лола Орзуева, 1983
10. Бахтиёри Сафаралӣ, 2009
11. Шукрона Носирова, 2013
12. Сайёди Самад, 2009
13. Бунёди Самад, 2005.
Рӯзи 13 апрел Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар садри як гуруҳи корӣ ҷиҳати «саривақт чораҷӯӣ намудан» ва ба зарардидаҳои сел дар минтақаи Кӯлоб кумак расонидан, ба ҷануби кишвар сафар кардааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати умури дохилӣ, ин гуруҳи корӣ, ки ба ҳайати он вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нақлиёт ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ шомиланд, «бо супоришу дастури президент Эмомалӣ Раҳмон» таъсис ёфтааст.
Манбаъ мегӯяд, «шаби 12 ба 13 апрели соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод қисми теппа лағжида, деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд ва аз рӯи маълумоти пешакӣ талафоти ҷонӣ низ ҷой дорад».
Торнамо менависад, дар пайи сел хоҷагии кишоварзӣ дар деҳаҳои Панҷосиёб, Ғарабдара ва Лойлуқаи ҷамоати деҳоти Зардори шаҳри Кӯлоб низ хисорот дидаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷамоати деҳоти Зардори шаҳри Кӯлоб 4 хонаи истиқоматӣ зери обу лой монда, ҳангоми аз чарогоҳ баргаштан 106 моли майда 15 сар моли калони шохдор нобуд шудаанд.
“Дар деҳаи Панҷосиёби ҷамоати деҳоти Зардор 4 хона, 15 иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон вайрон шуда, зери обу лойқа мондаанд. Барои бартараф намудани зарари расида ситоди Кӯлоб фаъолият дорад”,-гуфт манбаъ. Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинони зарардидаи ноҳияҳои Шӯрообод ва Восеъ ба оилаҳои зарардида 60 хайма, 30 тонна сӯзишворӣ ва барои 3 хонаводаи зарардида маводи ғизоӣ фиристода шудааст. Ҳоло Барномаи рушди Созмони Милал ба зарардидагон якуним тонна сӯзишвории дизелӣ додааст.