Ҷуброни хисороти нишасти садамавии Airbus дар Кӯлоб
Ширкати суғуртавии “ТИТ”-и Маскав хисороти дидаи ширкати ҳавопаймоии “East Air” дар пайи нишасти садамавии тайёраи Airbus -320-аш дар шаҳри Кӯлобро ҷуброн кардааст. Тибқи иттилои “ТИТ”, ин ширкати русӣ ба “East Air” 2 миллиону 700 ҳазор доллар ҷуброни молӣ пардохт кардааст.
Рӯзи 2 феврали соли ҷорӣ ҳавопаймои Airbus-320-и мутааллиқ ба ширкати “East Air” дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб нишасти садамавиеро анҷом дода буд. Ин ҳавопаймо, ки дар хатсайри Маскав-Кӯлоб парвоз мекард, бар асари номусоидии боду ҳаво ҳангоми поин омадан ба замин аз хатти нишаст берун рафта, мунҷар ба шикастани шассии пешаш гардид.
East Air аз соли 2007 ба ин сӯ дар бозори Тоҷикистон фаъолият дорад ва ҳоло ин ширкат соҳиби ду ҳавопаймои Airbus A320 ва Боинг 737 мебошад.