Посухи Тӯраҷонзода ба “Ҷаҳони андеша”-и Комил Бекзодаву ёронаш
Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, руҳонии маъруфи тоҷик, бо нашри матлабе ба муаллифони китоби “Ҷаҳони андеша” посух дода, бовар надоштани эшон ба мавҷудияти Худовандро ноқисулақлию камдонишӣ хондааст.
Ин руҳонии тоҷик бо иқтибос аз тарҷумаи ҳоли бархе аз олимон гуфтааст, “боварӣ ба Худо маънои ҷоҳилу хаёлпарастӣ ва хурофотӣ буданро надорад. Агар чунин бошад, пас, чӣ гуна Шумо дастовардҳои илмии уламои гузаштаи таърих, аз ҷумла Нютону Дарвин, Эйнштейну Сино, Ҳайсамию Фирдавсиро мепазиред?”
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло садҳо далелу омилҳое ҳастанд, ки вуҷуди Худовандро исбот мекунанду дигар набояд дар ин бора шакку шубҳа кард ё дунболи ҳуҷҷат гашт: “Ба қавли Мавлонои Рум ва Мирзо Абдулқодири Бедил дигар имрӯз барои исботи ҳастии Худо далелу бурҳон ҷустан ва ё дархост намудан нанг ва аблаҳӣ аст. Ҳамонгуна, ки дар рӯзи равшан бо чароғ ҷустани офтоб ҳамоқату нодонист.”
Эшони Маҳмудҷон дар идома афзудааст, тавре муаллифони “Ҷаҳони андеша” ақида доранд, “ҳар киро ва ё ҳар миллатеро илму донишаш бештар, куфру инкораш нисбати вуҷуди Худо бештар...” пас, бояд аксари донишмандон дар тӯли таърих ва сониян мардуми Аврупову Амрико, ки пешрафтатарини миллатҳо дар илму дониш ҳастанд, нисбат ба ҳастии Худо мункиртару кофиртар мебуданд. “Вақте 90% мардуми кураи замин, ба хусус аксари нобиғаҳо ва донишмандон дар тӯли таърих то имрӯз, бо Шумо – ай мункирони Худо – ҳамфикру ҳамақида нестанд, пас, беҳтар аст, Шумо нахуст ба ақли худ, ва сипас ба илму дониши шахшудаи худ таҷдиди назар намоед, то агар қобили муолиҷа ва ислоҳ бошад, пас дар пайи дармон ва ислоҳи он шавед! Ва агар ислоҳнопазир бошад, пас айбу нуқсон аз ҷониби шумо ва ақли ноқиси шумост, на хуршеди оламоро...”,- навиштааст ӯ.
Дар охир Эшони Маҳмудҷон изҳор доштааст, "монанди достони Фиръавни Миср ва фиръавниёни асри 20, ҳар кадом аз мо ва Шумо хонандагони азиз дар таърихчаи зиндагии хеш саргузашти бисёр касонеро медонем, ки дар айёми ҷавонӣ ва мансабдорию сарватмандӣ, ончунон масту мағрури дунё ва молу мансаби дунё буданд, ки Худову ибодаташ ба гушаи хаёлу хотири эшон намегузашт. Ва баъзе аз онҳо, аз ҷумла баъзе мансабдорони комунист ва комунистмаоб на танҳо мункири Худо, балки душмани сарсахти Ӯву дин ва мардони роҳаш буданд. Ҳатто бо Худо ва динаш эълони ҷанг карда буданд. Ҳангоме ки эшон ба рӯзгори пирӣ ва нафақаю бознишастагӣ расиданду дарҳои ҳукумат ва мансабдориро ба рӯи худ бастанд, ба сабаби заъфу нотавонӣ умедашон аз тӯли зиндагӣ ва мансабу вазифа қатъ шуд, фосилаи худро бо қабр ва дарвозаи марг чанд қадам диданд, якбора 180 дараҷа тағйири равиш доданду бо ришу тасбиҳ, Худогӯю намозхон ва масҷидрав шуданд. Сабаб ва иллати ин инқилоби азим ва таҳаввулоти бузург дар зиндагии афроди гузашта дар чист? Албатта, посухи ин суол, ҳамон имони фитрӣ ва майлу ҷозибаи руҳӣ – равонӣ аст, ки дар чунин ҳолати ноумедӣ онҳоро ба сӯи Худо мекашонад.”