Хонандае бо номи “Салмони USA” ба имейли “Озодагон” номаеро зери унвони "Войи миллат" фиристода, хоҳиш кардааст, то онро нашр кунем. Зоҳиран ин нома дар пайи наворҳои охир алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ ва бархе аъзои он навишта шудааст.
“Дар қонуну санадҳои муҳими дохиливу байналмилалӣ Тоҷикистонро расман ҳамчун давлати демократӣ эътироф кардаанд ва гуногунандешӣ модари ҷомеаи демократию мардумсолор гуфта мешавад.
Дар ҳар баромадаш раисиҷумҳури Тоҷикистон низ демократӣ будани кишваро таъкид мекунад. Аммо ҳоло дар ҷомеаи мо бӯе аз мардумсолорӣ ва демократия ҳаст? Ба андешаи инҷониб: НА!
Ҳар ходими ҳукумати Тоҷикистон озодии баёнро таъкид намуда, гоҳе ифтихор мекунад, ки дар минтақа кишвари мо аз рӯи озодии баён хеле пешрафта аст, аммо воқеият инро комилан рад мекунад. Имрӯзҳо дар матбуоту ҷомеаи мо мавзӯи доғ ин бадномкунӣ ва муборизаи беамон бурдани гуруҳи хосе бар зидди рақибони сиёсӣ бо ҳар василае идома дорад, ки обрӯи бе ин ҳам косташудаи ҷумҳуриро костатар мекунад.
Бигзарем аз қонуну санадҳои қабулкардаи дохиливу хориҷии давлат, гарчанде ки ҳеч кас ҳаққи гузаштан аз қонунро надорад. Оё ташкилкунандагони чунин аъмол аз фарҳанги сиёсӣ ва ахлоқу одоби бунёдӣ огаҳие надоранд? Бо дидани он наворе, ки чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, мӯи баданам рост шуд ва ҳеч бовар намекардам, ки тоҷик бар зидди тоҷик чунин амали пастро раво мебинад. Ҳоло сари воқеият доштани чунин корҳо аз сӯи аъзои ҲНИТ андеша намеронем. Вале виҷдону имони як тоҷик барои тоҷики дигареро бадном кардан ба хотири ҳифзи қудрату лагандбардории раҳбарияташ чунин амали нангинро чӣ тавр иҷозат дод, ҳамон қадаре ки андеша кардам, дарк карда натавонистам. Зеро қудрату мансабу ҳокимият чизҳои гузаранда ҳастанду миллату ҳуввияти миллӣ на.
Ҳеч тасаввур карда натавонистам, ки кудрат аз миллату арзишҳои он болотар буда тавонад. Асоси ҷомеаи демократӣ дар гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ аст. Бисёрҳизбӣ рақобати солими сиёсиро ба вуҷуд меорад ва заминаи муносибест барои халлоқияти барномаи беҳтару мардумитар. Вале чаро ҳукумати мо имрӯз ҳеч намехоҳад, ки рақобати солим ва вуҷуд ояд, ҳол он ки рақобати солими сиёсӣ ба нафъи умуму ҳукумат низ ҳаст.
Он доирае, ки намехоҳад оппозитсияи воқеӣ вориди мубориза шавад, дер ё зуд ин хатои таърихиашро дарк хоҳад кард, агар заррае аз арзишҳои сиёсиву иҷтимоиву миллӣ огаҳӣ пайдо кунад. Аммо баргардем сари он ноҷавонмардиҳои мубаллиғони чунин иқдомоти ғайриахлоқиву ғайриинсонӣ. Оё онҳо намеандешанд, ки аҳзоби сиёсӣ ҳам чунин корҳоро карда метавонанд? Агар аҳзоби сиёсии мухолиф низ барномаи монандеро, ки он гуруҳ иҷро карда истодааст, тарҳрезӣ ва амалӣ кунанд, чи паёмадҳоеро интизор шудан мумкин? Ҳатто тасаввур кардан даҳшатовар!
Он мубаллиғон аз воқеоти солҳои 90-уми қарни гузаштаро зуд-зуд ёдовар мешаванд, аммо ноогоҳона аз он ки худи онҳо заминаеро барои муноқиша ва ҷудоихоҳӣ ба вуҷуд оварда истодаанд. Агар аз чунин таблиғот дар зудтарин фурсат пешгирӣ карда нашавад, дар ояндаи наздик ҳарҷу марҷеро ба вуҷуд меорад, ки бар зиёни МИЛЛАТ анҷом меёбад.
Қудрат гузаранда аст, миллат на! Агар заррае дилсӯзи миллати барӯманди тоҷик бошед, аз чунин аъмоли нобихрадона даст кашед! “Озодагон” ҳиммат баланд кунеду назари бандаро нашр. Қаблан ташаккур мекунам!
Салмони USA”