Президент ба зарурати оғози сохтмони лулаи газ миёни чор кишвар таъкид намуд
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ба зарурати шурӯи сохтмони лулаи газрави Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон (ТАПҲ) дар соли 2015 таъкид намудааст.
“Лозим аст, ки соли 2014 тамоми асноди лозим барои роҳандозии тарҳи лулаи газгузари ТАПҲ таҳия гардида, соли 2015 сохтмони он оғоз шавад”,-гуфтааст Бердимуҳаммадов дар ҷаласа оид ба маҷмааи нафту газ.
Аз ин пештар расонаҳои Туркманистон хабар дода буданд, ки кори сохтмони тарҳи ТАПҲ соли 2017 дар нақша аст. Лулаи газгузари мазкур 1735 километр тул дошта, солона имкони интиқоли беш аз 30 миллиард метри мукааб газро дорад. Хазинаи тарҳ 8 миллиард доллар гуфта мешавад.