Эътироз аз дахолати омӯзгорони ДДОТ ба тугмаи духтарон
Бархе аз духтарони донишҷӯ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аз он шикоят доранд, ки масъулон ба тугмаи пироҳанашон низ дахл карда, аз онҳо баёнот мегиранд. Волидони ин гуруҳи духтарон мегӯянд, “агар чунин талаботи бемантиқу беасос идома ёбанд, аз болои масъулини донишгоҳ ба додситонию додгоҳ муроҷиат хоҳем кард”.
Зарринаи Холназар, донишҷӯи соли аввали факултаи романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, 9 апрел масъули донишгоҳ оид ба таълиму тарбия ӯро водор кардааст, барои тугмаи камзӯлаш баёнот бинависад. Ӯ дар шарҳи қазия афзуд, ҳангоме аз долони факулта мегузашт, муаллима ӯро нигоҳ дошта, тугмаи камзӯлашро тафтиш кардааст. “Муаллима баъд аз он ки дид пойафзолам пошнаи баланд дорад ва дигар ягон камбуд дар сару либосам нест, гуфт, тугмаи камзӯлат ба ман маъқул нест. Гир баёнот навис...”,-нақл кард Заррина.
Зарринаи Холназар афзуд, ин эроди муаллима дар ҳолест, ки ду ҳафта боз дарси психология (равоншиносӣ) намегузаранд, аммо ягон масъул парвои онро надорад: “Як сол мешавад, ки таҳсил мекунам. Ягон муаллим оид ба таълиму тарбияро надидам, ки бо муомилаи хуш суҳбат кунад. Ҳамааш дағалона муносибат мекунанд. Аз ин муносибаташон фикр мекунӣ, ки дар ягон мактаби душвортарбияҳо таҳсил дорӣ.”
Хадича Холиқова, модари Заррина, дар суҳбат ба “Озодагон” аз низоми сару либос дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки барои як тугма водор мекунанд баёнот нависанду нисбат ба таълим камтаваҷҷуҳанд, шикоят кард: “Куртаи гулдор, юбкаи дароз, туфлии бе пошна напӯшед мегӯянд. Бо мегӯянд, ки атри қиммат занед, ман ҳеч ин низомро нафаҳмидам. Мо ҳам ҳар рӯз аз куҷо пул меёбем, ки ин ҳама талаботи Донишгоҳро иҷро кунем. Ҳар рӯз баъд аз дарс ба ҷое, ки фикри дарсро кунанд, меоянду пагоҳ чӣ пӯшида равем мегӯянд. Бас аст!”
Ин дар ҳолест, ки масъулини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон эродгирӣ аз тугмаро рад карда, таъкид карданд, ки норозигишон бештар аз кӯтоҳии камзӯли Заррина Холназарова будааст.
Қаблан низ масъулини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон як гуруҳи донишҷӯдухтаронро ба далели пошнаи пасташон ба дарсҳо роҳ надода буданд. Искандар Аминов, муовини раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шарҳи роҳ наёфтани донишҷӯдухтарон бо пойафзоли паст (балетка) ба “Озодагон” гуфт, ин иқдом танҳо ба хотири ҳифзи саломатии онҳо мебошад: “Пойафзоли пошнапаст - “балетка” дар чунин фаслҳо метавонад ба саломатии духтарон таъсир расонад, ба ҳамин хотир мо онро манъ кардем. Духтарон оянда модар ҳастанд, роҳравҳои мо пур аз об аст, бо чунин пойафзол онҳо метавонанд саломатиашонро аз даст диҳанд. Хуб мешуд, ки пойафзоли пошнабаланд пӯшанд. Субҳи имрӯз 6 нафар донишҷӯдухтарро ба дарс иҷозат надоданд, хонаҳояшон, ки наздик буд рафта пойафзоли пастпошнаашонро иваз карда омаданд.”
Искандар Аминов афзуд, бар асоси низомномаи сару либоси Донишгоҳ ва қарори Шӯрои олимон, ки ҳар як донишҷӯ пеш аз дохил шудан бо он ошно мешавад, пӯшидани пойафзоли паст манъ шуда, либоси расмӣ ҳатмӣ аст.