Turajon.org дар бораи "оши сари тахта" ва сартарошу бармен
Торнамои Turajon.org, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо ҳукми додани таом дар рӯзи ҷаноза аз сӯи пайвандони майитро нораво хонда, кор кардан дар сартарошхонаву тарабхонаҳоро аз нигоҳи Ислом шарҳ додааст.
Ин торнамои исломии кишвар дар посух ба суоли корбаронаш навиштааст, “додани таъом аз ҷониби аҳли майит дар рӯзи мусибат ҷоиз нест.” Ба гуфтаи Turajon.org, ҳатто агар дар ин бора аз сӯи майит низ қаблан васият шуда бошад, ворисонаш ҳаққи иҷрои онро надоранд.
Аммо веб-сайти бародарон Тураҷонзодаҳо такя ба қавли фуқаҳои исломӣ мегӯяд, агар ҳамсоя ё хешутабори майит таомро омода ва тақдим кунанд, равост: “Барои ҳамсояҳо ва хешу ақрабои майит мустаҳаб аст, ки барои аҳли майит ва мардуми аз роҳи дур омада таом дуруст кунанд.”
Turajon.org дар идома ба масъалаи фаъолият дар сартарошхонаҳо аз нигоҳи Ислом дахл карда, гуфтааст, “модоме, ки Шумо риш наметарошида бошед, пас ин коратон ҳалол аст.”
Инчунин дар бахши суолу ҷавоби ин торнамо ҳукми кор кардан дар тарабхонаҳо ба ҳайси фурӯшандаи нӯшокиҳои спиртӣ ё ба истилоҳ “бармен” низ шарҳ дода шудааст: “Модоме, ки шумо ба машруботи спиртӣ сарукор дошта бошед пас ин амали Шумо ҳаром аст.” Вале Turajon.org дар шарҳи навиштаҳояш, илова кардааст, агар шахс сахт дар мондаасту ба ҷуз ин амал дигар ҷойи кор надорад, нафақаи фарзандонашро таъмин кунад, пас дар ин ҳолат то пайдо кардани шуғли дигар метавонад, фаъолияташро идома диҳад: “Кӯшиш кунед, зудтар аз инкор бароед. Зеро ба таври доимӣ кор кардани Шумо ҳамчун “бармен” ҳаром аст.”