“Равшан” дар Душанбе голборон шуд (АКС)
Дастаи “Сувейк”-и Уммон дар доираи сабқат барои Ҷоми Осиё рӯзи 10-уми апрел дар майдони марказии Душанбе дастаи “Равшан”-ро голборон карда, бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад. Ин бохти 5-уми “Равшан” дар доираи сабқат барои Ҷоми Осиё мебошад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон голҳоро Муҳаммад Солеҳ Абдулло-ал Ҳасанӣ дар дақиқаи 24-ум, (0:1) Оудай Абдулҷаъфар дар дақиқаи 51 (0:2), Солеҳ ал Нофлӣ дар дақиқаи 54 (0:3), Муҳаммад Солеҳ Абдулло-ал Ҳасанӣ дар дақиқаи 64-ум (0:4), Белол Абдул Даим дар дақиаи 76-ум (0:5) ба ҳадаф расонд.
Ин дар ҳолест, ки мураббиёни ҳар ду даста қабл аз бозӣ ҳам омода набуданашонро ба ин сабқат баён дошта буданд.
Мусаббоҳ-ал Саъдӣ, сурмураббии дастаи “Сувайк” мушкили асосии дастаашонро маҷруҳ шудани бархе аз бозигарон гуфт. Ӯ афзуд, ки бо “Равшан” бе ҳамлагар вориди сабқат мешаванд ва талош мекунанд, ғолиб оянд. Мусаббоҳ-ал Саъдӣ аз бозии гузаштаашон бо “Равшан” зикр кард, ки бо вуҷуди бозии хуби бозигарони тоҷик дастаи “Сувайк” ғолиб омадааст.
Мираҳмадов Ғайраталӣ, сармуррабии дастаи “Равшан” дар навбати худ афзуд, ки ба далели мушкили молӣ бозигаронаш натавонистанд, омодагӣ бинанд. Ӯ бо зикри камбуди бозигарон дар дастаи “Равшан” илова намуд, ки онҳо бе ягон тайёрӣ бо “Сувайк” вориди сабқат мешаванд.