Бозгашти Анвари Вайсиддин ба ҳукумат: Камбудҳо фаромӯш шуданд?
Анвари Вайсиддин, ки охири соли гузашта бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз симмати раиси шаҳри Ваҳдат барканор шуд, мансаби нав гирифтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Анвари Вайсиддин муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки баъди барканории Анвари Вайсиддин аввали соли равон сарусадо оиди ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ паҳн гардиданд. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза зидди фасод ҳам аввали соли равон таъйид кард, ки дар фаъолияти Анвари Вайсиддин камбудиҳо ошкор кардаанд, аммо ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯро рад кард.
“Воқеан, дар фаъолияти ӯ камбудҳоро ошкор кардем, аммо феълан онҳо ислоҳ шудаанд. Ин камбудҳо бештар молӣ буданд ва феълан ҳамааш барқарор шуд.”- илова кард Абдуфаттоҳи Ғоиб.