Даъвои дубораи вакилони Зайд Саидов алайҳи Абдуфаттоҳи Ғоиб
Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва вазири пешини саноати тоҷик аризаи даъвоии худро аз болои Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дубора ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт супурдаанд.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Саидов рӯзи 10 апрел дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, аризаи шикоятии худ аз болои раҳбари оҷонсиро баъди мукаммал кардан дубора ба додгоҳ пешниҳод кардаанд.
Ӯ мегӯяд, “талаби мо аз додгоҳ ин аст, ки Абдуфаттоҳи Ғоиб барои паст задани шаъну шарафи мо раддия пахш кунад ва ҳамчунин барои расонидани зарари маънавӣ 1 сомонӣ пардохт кунад.” Қудратов далели як сомонӣ зарари маънавӣ талаб кардани худро шарҳ дода, афзуд, "албатта вакилон метавонанд аз раиси Оҷонсии мубориза бо фасод маблағи зиёд талаб кунанд, аммо шаъну шарафи инсонӣ қиммат надорад."
Вакилони мудофеи Зайд Саидов рӯзи 17 феврали соли ҷорӣ аз болои раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурда буданд. Вале баъдан додгоҳ ҳафтаи гузашта аризаи шикояатии вакилони Зайд Саидро бо далели кам будани маълумот рад кард.
Абдуфаттоҳи Ғоиб рӯзи 4 феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, ки муфаттишон ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, 99,9 дарсад дуруст аст. Дар мавриди он ки вакилони мудофеъ навори масъулини “Био Папа”, масъули ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, пешниҳод карда, нишон доданд, ки хулосаи ироакардаи муфаттишон тақаллубӣ аст, Абдуфаттоҳи Ғоиб изҳор дошт: “Ин кори дасти вакилон аст, ки бо ин роҳ мехоҳанд, ба наздикони Зайд нишон диҳанд, ки кор карда истодаанд. Зеро мо медонем, ки 9 моҳ боз адвокатҳо ҳатто субҳонаро дар хонаи Зайд Саидов мехӯранд.”