САҲА: КМИР нахост, муҳоҷирон дар пешбарии номзадҳо ширкат кунанд
Параскива Бадеску--раҳбари ҳайати нозирони Дафтари инстутутҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА (ОБСЕ), имрӯз, 9-уми апрел зимни ироаи хулосаи ниҳоии ин созмон дар мавриди интихоботи президентии Тоҷикистон гуфт, мақомоти тоҷик аз 34 пешниҳоди ин созмон аксарияташонро рад кардаанд.
Бадеску аз ҷумла изҳор дошт, ки миёни пешниҳодҳои радшуда, аксарашон калидӣ буданд. Ӯ зикр намуд, ки бо назардошти теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар САҲА пешниҳод намуд, муҳоҷирони тоҷик барои ҷамъи имзоҳо зимни пешниҳоди номзадҳо ба раёсати ҷумҳурӣ ҷалб гарданд.
Бадеску илова намуд, ки ин пешниҳодро Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ба далели он, ки дар қонунҳои кишвар пешбинӣ нашудааст, рад намуд.
Интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон 7-уми ноябри соли 2013 сурат гирифта, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ бо гирифтани аксари оро барои бори 4-ум раҳбари давлат эълон шуд.
Параскива Бадеску дар лаҳзаҳои аввали эълони натиҷаҳои интихоботи президенти Тоҷикистон гуфта буд, ки Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар ин дафъа фаъолияти озод ва шаффофтар дошт: “КМИР бо нозирони мо ва инчунин бо нозирони созмонҳо ва кишварҳои дигар ҳамкорӣ мекард. Аммо ин маъно нест, ки КМИР хеле олӣ фаъолият дошт. Боз ҷиҳатҳое дар фаъолияти КМИР ҳаст, ки беҳбудӣ мехоҳад. Мо омодаем дар оянда ба хотири беҳтар кардани фазои интихоботӣ дар Тоҷикистон бо КМИР ҳамкорӣ дошта бошем.”