Бино ба андешаи вакили Думаи давлатӣ душмани асосии идеологӣ ин салафизими сиёсӣ будааст. Аммо ин вакил нагуфтааст, ки чаро чунин адешаҳо бар сараш омадааст ва зери ин гуфтаҳояш чиро дар назар дорад.
Семен Богдасаров пешниҳод кардааст, то фаъолияти дигар ҷараёнҳои исломӣ, бахусус ҷараёни салафия аз роҳи қонунӣ мутаваққиф карда шавад. Ӯ гуфтааст, дар кишварҳои исломӣ нисбати чунин ҷараёнҳои хатарзо чораҳои қонунӣ андешида, фаъолияти онҳо баста мешавад. Богдасаров афзудааст: «Дар он ҷо (манзур кишварҳои исломӣ) барои ин ба зиндон кашида мешаванд, масҷидҳоро мебанданд, Дар мо чунин қонунҳо мавҷуд нест!»
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон низ бо эълони соли бузуругдошти Имоми Аъзам ва баргузории як анҷумани байнулмиллалӣ дар ин мавзӯъ фаъолияти ҷараёнҳои дигари исломӣ, аз қабили салафия ва як гурӯҳеро бо номи «Ҷамоати таблиғ» зиддиқонунӣ арзёбӣ карда, теъдоди бузурги тарафдоронашонро барои муддатҳои зиёд ба маҳкама кашида буд.