Норӯшаниҳои дарбандии дафтари ҲНИТ дар Спитамен ва пешниҳоди Ёқубов
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, барои бартараф кардани тамоми камбуди оташнишонии бинои корхонаи воҳиди давлатии "Видео ва кино"-и Спитамен, ки дафтари ин ҳизб низ дар онҷо ҷойгир аст, омода мебошад. Дарҳои ин корхона аз сӯи кормандони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Спитамен ба далели ҷой доштани бархе камбудиҳо муҳр зада шудааст.
Илҳом Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд. рӯзи 9 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳизб барои бартараф кардани камбуди оташнишонии тамоми бинои корхона омода мебошад, вале масъулини он бетаваҷҷуҳӣ доранд.
Дарҳои бинои Корхонаи воҳиди давлатии "Видео ва кино"-и Спитамен, ки дафтари ноҳиявии ҲНИТ низ дар он ҷойгир аст, рӯзи 8 апрел аз сӯи Хадамоти оташнишонии вилояти Суғд барои ҷой доштани камбудИҳо муҳр зада шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба қавли масъулини дафтари ҲНИТ дар Суғд, раҳбарияти корхона гуфтааст, имкони молӣ барои бартараф кардани камбудҳоро надорад ва ҳоло маълум нест, дарҳои бинои он кай боз карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол Сафармухаммад Абдуллоев, раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар Спитамен мегӯяд, масъулини Хадамоти оташнишонӣ гуфтаанд, дари бинои корхонаи "Видео ва кино" замоне дубора боз карда мешавад, ки раҳбарияти он расман муроҷиат карда, бартараф кардани камбудҳоро ваъда диҳад: "Кормандони Хадамоти отшанишонӣ мегӯянд, мо намедонистем, дафтари ҲНИТ низ дар он бино қарор дорад. Агар раҳбарияти корхона нома навишта, гӯяд, камбудҳоро зуд бартараф мекунад, боз мекунем."
"Озодагон" талош намуд, то барои равшанӣ андохтан ба ин масъала бо раҳбарияти корхонаи "Видео ва кино" тамос гирад, вале бенатиҷа буданд.
Раҳбари дафтари ҲНИТ дар Суғд мегӯяд, “бетаваҷҷуҳӣ” масъулини "Видео ва кино"-и Спитамен дар ҳолест, ки онҳо маблағи иҷораи дафтари худро то 5 соли дигар пешпардохт кардаанд: “Мо бо раҳбарияти корхона барои ба иҷора гирифтани яке аз утоқҳои бино то соли 2019 шартнома ба имзо расонидаему ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ, пешпардохт низ кардаем.”
Ҳукумати Спитамени вилояти Суғд қаблан низ бо имзои раиси ноҳия М.Маҷитов ба масъулини дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин минтақа 3 рӯз муҳлат дода буд, то утоқи иҷорагирифтаи худ дар бинои кинотеатри “Пахтакор”-ро холӣ кунанд. Дар номаи Маҷитов, аз ҷумла гуфта шуда буд, ки кинотеатр макони фарҳангист ва бар асоси қонунҳои кишвар созмону аҳзоби сиёсӣ ҳаққи фаъолият дар чунин ҷойҳоро надоранд. “Тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ манъ карда шудааст”,-таъкид шудааст дар номаи раиси ноҳияи Спитамен ба масъулони ҲНИТ.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.