Ширкати театри «Лўхтак»-и Чкалов дар фестивали байналмилалӣ
Театри давлатии «Лўхтак»-и шаҳри Чкалов бо намоишномаи «Донаки сеҳрнок» дар фестивали байналмилалӣ ширкат хоҳад кард.
Тавре аз театри давлатии «Лўхтак»-и шаҳри Чкалов ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, аз 15-ум то 22-юми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе 4-умин Фестивали байналмилалии театрҳои лўхтак бо номи «Чодари хаёл» баргузор мегардад, ки дар қатори беш аз 10 театри кишварҳои хориҷ театри давлатии «Лўхтак»-и шаҳри Чкалов низ бо намоишномаи «Донаки сеҳрнок» иштирок менамояд.
Гуфта мешавад, намоишномаи «Донаки сеҳрнок» аз рўи асари нависандаи рус Мария Осипова омода шуда, коргардони он ҳунарпешаи театр Нодира Аҳмадова мебошад.
Ёдрас мекунем, ки театри мазкур ҳанўз соли 1950 таъсис ёфта, давоми фаъолияти эҷодиаш бештар аз 300 намоишномаро ба рўи саҳна овардааст. Ин театр то ба имрўз дар чанд фестивалҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, соли 1975 дар фестивали 2-юми театрҳои лўхтаки Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек, соли 1979 дар фестивали байналхалқии театрҳои лўхтаки мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар шаҳри Тошканд ва солҳои 2007-2010 дар фестивали байналмилалии театрҳои лўхтаки «Чодари хаёл» дар шаҳри Душанбе, ширкат варзидааст.