Эълони озмуни беҳтарин мақолаҳо дар бораи Саъдӣ Шерозӣ
Ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳуриии Исломии Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, ба муносибати бузургдошти Саъдии Шерозӣ озмуни беҳтарин мақолотро эълон кардааст.
Аз ройзании мазкур ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ки хоҳишмандон имкон доранд матолиб ва таҳқиқотҳои худро дар мавзӯъҳои «Таъсири андешаҳои пешиниён бар Саъдии Шерозӣ», «Низомияи Бағдод ва Шероз аз манзари шайх Саъдӣ», «Талмеҳ аз оёти Қуръон ва суханони паёмбар (с) дар осори Саъдӣ», «Тарҷумаи осори Саъдӣ дар Ғарб ва таъсири ӯ бар шоирон ва нависандагони мағрибзамин», «Тасири андеша ва осори шайх Саъдӣ дар Русия ва Осиёи Миёна», «Тафовут дар мазмун ва муҳтавои ғазалҳои Саъдӣ ва Мавлоно», «Таъсири афкор ва андешаҳои Саъдӣ бар шоирони муосири Эрон ва Тоҷикистон», «Монандиҳои забони Саъдӣ бо забон ва лаҳҷаи мардуми Тоҷикистон», «Баҳсу мунозираи ҷомеаи имрӯз роҷеъ ба дидгоҳҳои Саъдӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва хусусӣ» ва «Дидгоҳҳои ҳикамӣ, таълимӣ ва ахлоқии Саъдӣ барои насли ҷавони имрӯз» ба ройзании фарҳангӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-130-и шаҳри Душабе ирсол намоянд.
Ғолибон дар нишасти илмӣ-фарҳангие ба хотири бузургдошти Саъдии Шерозӣ, ки 21 апрели соли равон дар гӯшаи фарҳанги Эрон (Китобхонаи миллии Тоҷикистон) баргузар мешавад, эълон хоҳанд шуд. «Дар ҳамоиши мазкур аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам пажуҳишгарони осори Саъдӣ ширкат хоҳанд кард»,-афзуд манбаъ.