Иҷозаи Убайдуллоев барои консерти ройгони ситораҳо ва дастур ба амниятиҳо
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо судури як қарор ба ширкати “Ориёно Медиа” иҷозат додааст, шоми 10-уми апрел аз соати 18:00 то 20:00 дар майдони “800-солагии Маскав” консерти ситораҳои тоҷикро баргузор кунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ қарори Убайдуллоев дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ ба муносибати 90-солагии пойтахт қабул шуда, мақомоти амнияти миллӣ ва пулис супориш гирифтаанд, ки амнияти ин чорабинро таъмин кунанд.
Рустами Ҷонӣ, мудири ширкати “Ориёно Медиа” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин консерт дар якҷоягӣ бо ширкати “Samsung” баргузор шуда, иштирок дар он ройгон мебошад. Мудири “Ориёно Медиа” дар қатори ситораҳое, ки дар ин консерт баромад мекунанд, аз ҷумла Шабнами Сурайё, Баха-84, гуруҳи “Шамс”, Юлия Багданавичуте, гуруҳҳои рақсии “Падида”, “Эра” ва дигаронро ном бурд.
Рустами Ҷонӣ илова намуд, ки дар доираи ин консерт муаррифии телефонҳои нави “Samsung” сурат гирифта, барои тамошобинон озмуну туҳфаҳои ҷоллиб омода шудаанд.