Дар Душанбе курсанти 22-солаи Академияи ВКД гум шудааст
Наздикони Ақназаров Алишери 22-сола, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, курсанти соли якуми Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ӯ як моҳ боз бедарак аст.
Тавре Расул Ақназаров, бародари Алишер, имрӯз, 9-уми апрел ба "Озодагон" гуфт, бародараш рӯзи 11-уми март аз Академияи ВКД баромада бедарак шудааст: "Вақте мо чанд бор ба телефони ҳамроҳаш занг задем, хомуш буд. Дар Академия гуфтанд, ки ӯ баромадааст. Ба пулис ҳам муроҷиат кардем, аммо то ҳол натиҷае нест." Ба гуфтаи наздикон қади Алишер 180-182 сантиметр, муйаш сиёҳ ва дар рӯзе, ки бедарак шудааст, дар тан камзули кабуд, шими ҷинс ва пойафзоли сиёҳ доштааст.
Наздикони Алишер аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш доранд, ки дар сурат пайдо кардани иттилое дар бораи ҷойи будубоши ӯ бо рақамҳои 227 80 08, 221 24 87 ё 93 470 70 00 занг зананд.