Кӯдаки 3-солаи тоҷик аз ошёнаи 4-ум ғалтидааст
Кӯдаки сесолаи тоҷик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз ошёнаи 4-ум ғалтида ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора Раёсати умури дохилии вилояти Суғд хабар дода, афзуд, ки ҳодиса рӯзи якшанбеи 6-уми апрел сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ кӯдак бе назорати падару модар монда, аз айвони хонаашон ғалтидааст ва аз ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони марказӣ ба ҳалокат мерасад.