Маблағи Кумитаи амният барои ҷарроҳии Шаҳбол ҳанӯз ба Ибни Сино нарасидааст
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, хазинаи ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷикро пардохт мекунад.
Абдусаттор Гулаҳмад, масъули Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин ниҳод маблағи ҷарроҳии Шаҳболро, ки дар беморхонаи Ибни Синои пойтахт, сурат мегирад, пардохт хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол низ ин хабарро таъйид карда, илова намуд, ки масъулини Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ гуфтаанд, маблағи лозимиро тавассути бонк ба суратҳисоби сарбоз интиқол додаанд. Мирзоев мегӯяд, “аз эрониҳо пурсидем, ҳоло маблағ интиқол наёфтааст, шояд то бегоҳ ба дасти онҳо расад.”
Ин дар ҳолест, ки Мирзоев аз омадани мутахассисони эронӣ барои гузарондани ин ҷарроҳӣ ба Душанбе дар рӯзҳои наздик хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, мутахассисони беморхонаи Ибни Сино Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷикро ташхис карда, арзиши ҷарроҳии якуми ӯро 56 ҳазору 467 сомонӣ муайян кардаанд.
Шаҳбол Мирзоеви 23 сола, ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латтукӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ҳоло ин қазияро тафтиш дорад, мегӯяд, гардани Мирзоев дар пайи куштии маҷбурӣ шикастааст.
Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев, мегӯяд, дар қазияи зерҳимояи ӯ Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон наметавонад, айбдор набошад ва бояд хазинаи табобаташ аз сӯи ин ниҳод пурра пардохт шавад. Ҷӯраев таъкид дорад, “азбаски Шаҳбол аз ҷониби Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми санитарии Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ, яъне нафаре, ки дар ин ниҳод кор мекунад, латту кӯб шудааст, бояд зарари расидашуда аз сӯи сарраёсат ҷуброн шавад.”