Дар Қазоқистон муҷозот барои сепаратизм шадид мешавад
Барои даъват ба тағйири ғайриқонунии тамомияти марзии Қазоқистон тибқи лоиҳаи нави Кодекси ҷиноии ин кишвар то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Tengrinews.kz аз қавли Арман Аяганова, раҳбари раёсати департаменти прокуратураи генералии Қазоқистон навиштааст, ки дар лоиҳаи Кодекси ҷиноӣ модаи наве ҳаст, ки барои фаъолиятҳои ҷудоихоҳӣ ҷавобгарии ҷиноиро дар назар дорад. "Ин мода то 7 сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. Агар ин фаъолиятҳоро шахси мансабдоре анҷом бидиҳад, пас то 10 сол равонаи зиндон хоҳад шуд”, -афзудааст ӯ.