Вуруди гуруҳи донишҷӯён ба узвияти ҲХДТ ва насиҳатҳои Раҳмонов
Як гуруҳ устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба узвияти Ҳизби халқӣ- демократии кишвар шомил шуда, дар ҳузури ректори ин донишгоҳ – Абдуҷаббор Раҳмонов дафтарчаи ҳизбро соҳиб шудаанд.
Тавре Бахтиёри Абдураҳим, котиби матбуотии Донишгоҳи омӯзгорӣ ба “Озодагон” хабар дод, ин маросим рӯзи 7 апрел дар донишгоҳи мазкур баргузор шуда, Умринисо Казакова, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дафтарчаҳои ҳизбиро ба ин гуруҳи устодон ва донишҷӯён супоридааст.
Дар ин чорабинӣ Абдуҷаббор Раҳмонов суханронӣ карда, аз нақши ҲХДТ ва раҳбари он – Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти кишвар ёдрас шудааст. Манбаъ мегӯяд, Раҳмонов таъкид кардааст, “бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандона ва заҳматҳои ҳамешагии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, ки роҳбарии ин ҳизбро бар дӯш дорад, Ватани азизи мо дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса касб намуда, ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ муаррифӣ гардид.”
Дар идома Казакова дар мавриди фаъолияти ҲХДТ ҳарф зада, маълумотеро дар бораи ин ҳизб ба ҳозирин ироа кардааст. Казакова шомилшавии аҳли донишгоҳ, аз ҷумла ҷавононро ба узвияти ин ҳизб амали нек хондааст.
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарии онро, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бардӯш дорад, соли 1994 таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор узв дорад. То кунун Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ, дар се интихоботи гузаштаи президентӣ иштирок карда, пирӯз шудааст.