Боздошти волидайн барои фурӯши кӯдаконашон бар ивази 1 миллион
Дар вилояти Маскави Русия як волидайни узбак ба иттиҳоми фурӯши ду кӯдаки худ бар ивази як миллион рубли русӣ боздошт шудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Русия, ин шаҳрвандони Узбакистон рӯзи 7 апрел баъд аз гирифтани маблағ аз сӯи маъмурини пулис боздошт гардиданд.
Манбаъ мегӯяд, волидайни ин ду тифл далели фурӯши фарзандони худро камбизоатӣ ва масрафи роҳ то Узбакистон, ки онҳоро дар ватан инчунин се фарзанди дигар интизор аст, унвон кардаанд.
Бар асоси иттилои расонаҳои русӣ, волидайни мазкур гӯиё дар яке аз кучаҳои вилояти Маскав эълонеро гузоштаанд, ки мехоҳанд, духтари навзоду писари яксолаи худро ба маблағи 1 миллион рубли русӣ фурӯшанд. Дар ҳамин ҳол кормандони яке аз шабакаҳои телевизионии Русия баъд аз дидани ин эълон ба Шуъбаи умури дохилӣ муроҷиат карда, дар рафти амалиёт ҳамчун ҷониби “харидор” нақш офаридаву барои боздошти волидайни “фарзандфурӯш” кӯмак кардаанд.