Парванда алайҳи муҳоҷири тоҷик барои алоқаи маҳрамона бо духтари ноболиғ
Мақомоти тафтишотии шаҳри Якутск як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро дар муносибати маҳрамона бо духтари ноболиғ муттаҳам мекунад.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод шаҳрванди Тоҷикистон дидаю дониста бо духтари 15-сола бе истифодаи зӯроварӣ муносибати маҳрамона доштааст: “Айни ҳол айбдоршаванда гуноҳи худро иқрор карда, аз амалҳои кардаи худ пушаймон мебошад”.
Манбаъ таъкид мекунад, ки айни ҳол тафтишот анҷом ёфта, парванда ба додгоҳ ирсол шудааст. Тафтишот меафзояд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ ҳузур доштааст.