Таълими Абдулқодирзода ба дипломатҳои ояндаи тоҷик
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба донишҷӯёни риштаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии кишвар дарс мегӯяд.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар зимни як суханронияш охирҳои ҳафтаи гузашта гуфт, ба донишҷӯёни курси сеюми факултаи муносибатҳои байналхалқии ДМТ омили байналмилалии исломӣ меомӯзонад.
Абдулқодирзода номзади илмҳои филология буда, дар мавзӯи “Маҷмаъуннаводир” ё “Чаҳор мақола"-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар дар рисолаи илмияш хусусиятҳои хосси ашъори Низомии Арӯзии Самарқандӣ, назарияи номаҳои ӯву омилҳо, зарурати навишта шудани “Маҷмаъ ан-наводир” ва самтҳои дигари осору зиндагии шоирро баррасӣ кардааст. Ӯ фориғуттаҳсили Донишгоҳи байналмиллалии Исломободи Покистон мебошад.
Абдулқодирзода дар гузашта дар Донишгоҳи исломӣ ва Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Аз моҳи октябри соли 2010 ба ин сӯ, раҳбарии уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистонро бардӯш дорад.