Муҷозоти омӯзгор дар Душанбе барои иҷро накардани уҳдадориҳояш
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як омӯзгори мактаби миёнаи №62-и шаҳри Душанберо, ки роҳбари хонандагони синфи 7 будааст, барои иҷро накардани уҳдадориҳояш ҷарима кардааст.
Тибқи иттилои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ омӯзиши дафтари синфи 7-и мактаби миёнаи рақами 62 нишон дод, ки бархе аз хонандагон аз 65 то 108 соат бесабаб ба дарс ҳозир нашудаанд: “Дар ин ҳолат омӯзгор тибқи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» уҳдадор аст, аз бемасъулиятии волидайн зимни иҷрои талаботи муассисаи таълимӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд.”
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, роҳбари синф аз бесабаб иштирок накардани хонандагон ба мақомот хабар надодааст ва бинобар ин ҷаримабандӣ шудааст.