Обуҳавошиносон: Тоҷикистонро боз боришот интизор аст
Идораи обуҳавошиносии Тоҷикистон охири ҳафтаи равон дар кишвар ҳавои номуътадилро пешгӯӣ мекунад.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод рӯзҳои 10-12-уми апрел дар кишвар боришоти кӯтоҳмуддат, аз ҷумла дар баъзе манотиқи баланди кӯҳӣ барф дар назар аст. Обуҳавошиносони тоҷик таъкид мекунанд, ки боришот махсусан рӯзи 12-уми апрел шиддат мегирад.
Идораи обуҳавошиносӣ дар пайи боришот аз фаромадани сел дар бархе аз минтақаҳо ҳушдор медиҳад.