Ҳукми додгоҳ баъди даъвои "ҷавонмардӣ"-и аммабачаи Рустами "Хаммер"
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Баҳодур Шарифови 27-сола, писараммаи Рустам Ҳайитов, мулаққаб ба Рустами “Хаммер”-ро, ки дар қочоқи маводи мухаддир айбдор мешуд, ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст. Айбдоркунандаи давлатӣ барои Баҳодур Шарифов 19 соли зиндон талаб карда буд. Шарифов дар ҳамдастӣ ба Рустами Хаммер муттаҳам мешавад, ки дувумӣ ба ҳайси раҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ ҳанӯз моҳи августи соли 2012 ба 24 соли зиндон маҳкум гардид.
Дар ин бора ба “Озодагон” Мавлудҷон Салихов, вакили дифои Баҳодур Шарифов хабар дода, афзуд, ки зимни мурофиаи додгоҳӣ зерҳимояаш гуноҳашро пурра иқрор карда, дар охирин суханаш аз додгоҳ хост, ин “ҷавонмардияш”-ро ба назар гираду ҳукми сабуктар содир созад.
Баҳодур Шарифов, зимни боздошти Рустами Хаммер фирор карда, охири соли гузашта боздошт шуда буд. Қаблан Шарифов гуфта буд, ки дар ягон кори Рустам Ҳайитов шарик набуда, сабаби фирораш танҳо аз тарс будааст.
Рустам Ҳайитов, мулаққаб ба “Хаммер”, ки мақомот ӯро роҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ медонанд, соли 2012 ба 24 соли зиндон маҳкум гардид. Вай ба унвони яке аз қочоқчиёни маводи мухаддир таҳти пайгард қарор дошта, моҳи январи соли 2011 бо 42 кило ҳероин боздошт шудааст.