Ҳисоботи Қодирӣ ва дастурҳои Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 6-уми апрел дар машварати корӣ бо роҳбарияту фаъолони вилояти Суғд ҳисоботи раиси вилоят, Абдураҳмон Қодириро шунида, супоришҳои нав додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон изҳор доштааст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8% ва кишоварзӣ 6% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзун гардид: “Дар се моҳ 28 корхонаи нави саноатӣ фаъол шуда, ба маблағи 1 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нишондод, тибқи нақша то охири сол ба 5 миллиард сомонӣ бояд расонда шавад.”
Раиси Суғд аз ҷумла таъкид кардааст, ки навсозии роҳҳои мошингард дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо авҷ гирифта, дар шаҳри Хуҷанд ин кор то охири соли равон анҷом хоҳад ёфт. Ӯ илова намудааст, ки “нақшаи киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта то 15 апрел ба анҷом мерасад. Дар се моҳ 372,4 миллион сомонӣ андоз ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 105% нақша мебошад.”
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон аз ташкили корхонаҳои нав дар вилоят истиқбол намуда, “доир ба тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, афзун намудани ҳосилнокии пахта, ғалладона, картошка, сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ба ин васила афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва ифротгароӣ, таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва тарбияи ҳисси ватандӯстию худшиносии ҷавонон супоришҳо додааст.”