«Таракан»-ҳо дар Вазорати умури дохилӣ ва таъхири қабули шаҳрвандон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта мавриди дезинфексия қарор гирифтааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” бархе аз корафтодагони Вазорати умури дохилӣ хабар доданд, ки натавонистаанд, рӯзи шанбеи 5-уми апрел ба бинои ин вазорат роҳ ёбанд. Ин дар ҳолест, ки шанбе дар тамоми ниҳодҳои давлатӣ рӯзи қабули шаҳрвандон эълон шудааст.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ дар суҳбат бо “Озодагон” таъйид намуд, ки охири ҳафтаи гузашта ниҳодашон мавриди дезинфексия қарор гирифт, ки ба зидди таракан ва дигар зараррасонҳо нигаронида шудааст. Мусоҳиби мо таъкид намуд, ки бо вуҷуди дезинфексия қисми навбатдорӣ ва қабули шаҳрвандон фаъол буд.