Соҳибкорзан: Агар Ҷаноби Олӣ фаҳмад, ҷилави хусурбачаашро мегирад (2 ВИДЕО)
Орифӣ Қосимов, намояндаи Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев, ки даъвои 50 дарсади саҳмияҳои бозори “Ином”-и Шаҳритусро доранд, гуфтаҳои соҳибкорзан Санавбар Абдуллоеваро, ки гӯиё хусурбачаи президент талош дорад, бозорашро аз дасташ гирад, беасос хонд.
Қосимов имрӯз, 5-уми апрел ба дафтари “Озодагон” дар Душанбе ҳозир шуда, изҳор дошт, ки баҳс на барои кулли бозор, балки нисфи саҳмияҳои он рафта истодааст. Ӯ изҳор дошт, ки шавҳари Санавбар-Бурҳон Абдуллоев, ки феълан бозори “Ином”-ро дар ихтиёр дорад, қаблан дар хатсайри Душанбе-Шаҳритус ба мусофиркашонӣ машғул буда, дар миён бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳур шинос мешавад: “Саъдуллоев барои харидорӣ ва бунёди бозор ба Бурҳон Абдуллоев маблағ медод ва Холназар Достиев, шахси бовариноки Саъдуллоев низ дар ин кор иштирок мекард. Баробари ин Абдуллоев зимни бунёди бозор аз соҳибкорони дигар низ маблағ гирифта, барояшон ҳатто дар бозор ҷой надодааст.”
Қосимов афзуд, ки дар додгоҳ инчунин аз ҳаққи соҳибкорони дигари “фиребхӯрда” низ ҳимоя мекунад, ки барои бунёди бозор баъзеяшон то 40 ҳазор доллари амрикоӣ додаанд, вале Бурҳон Абдуллоев ҳаққи онҳоро надодааст: “Худи Муҳибулло Саъдуллоев дар додгоҳ ба сифати шоҳид баромад кард. Даъвогар Холназар Достиев аст.”
Қосимов илова намуд, ки зимни яке аз мурофиаҳо бо Абдуллоевҳо ба созиш омаданд, ки ба ивази 900 ҳазор доллари амрикоӣ бозорро мегиранд: “Аммо мо вақте хостем, ҳаҷми хароҷот пешниҳод гардад, онҳо қарзҳои барои хонаю чорводорӣ гирифтаашонро пешниҳод карданд. Дар миён соҳибкорони дигаре пайдо шуданд, ки даъвои саҳмия дар бозорро карданд, чун барои бунёди он маблағ додаанд. Баъд мо аз раъямон барои пардохти маблағ гаштем.” Ин мусоҳиби мо илова намуд, ки комиссияи давлатии даъваткардаашон арзиши бозорро 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ муайян кардааст. Ин намоянда инчунин аз ишораи Санавбар Абдуллоева ба миллияти шавҳараш, ки узбак асту гӯиё мавриди фишор қарор дорад, интиқод намуда, гуфт, алайҳи Бурҳон Абдуллоев тоҷирони узбактабори Шаҳритус ба мақомот муроҷиат карда, ҳаққашонро талаб доранд.
Қосимов иддаои Абдуллоеваро, ки гӯиё Саъдуллоев бо сӯиистифода аз наздикияш ба оилаи раисиҷумҳур мехоҳад, бозорашро гирад беасос хонд: “Назди қонун ҳама баробаранд ва Саъдуллоев низ тариқи қонунӣ ҳаққашро талаб карда истодааст.Баррасии ин қазия дар додгоҳҳо идома дорад.”
Дар ҳамин ҳол Санавбар Абдуллоева дар суҳбат бо “Озодагон” иддаои Қосимовро, ки гӯиё шавҳараш-Бурҳон Абдуллоев зимни сохтмони бозор аз Саъдуллоев маблағ гирифтааст, рад карда, таъкид намуд, “мо дар мурофиаи додгоҳӣ исбот кардем, ки ягон маблағ аз ин одам нагирифтаем.” Ин соҳибкорзан гуфт, тамоми далоилро ба додгоҳ пешниҳод кардааст ва илова кард, ба матбуот ба он хотир муроҷиат кардааст, ки "Ҷаноби Олӣ аз қазия огоҳ шавад. Ман бовар дорам, худи раисиҷумҳур агар огоҳ шавад, ҷилави хусурбачаашро мегирад ва намегузорад, ноадолатӣ содир шавад." Ӯ рӯзи 3-юми апрел дар шарҳи қазия ба "Озодагон" гуфта буд:
Феълан баҳси додгоҳӣ барои бозори “Ином”-и Шаҳритус идома дорад.