Баҳси масоили марзӣ дар мулоқоти Аслов бо Абдилдаев дар Маскав
Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, бегоҳи 4 апрел дар шаҳри Маскав бо ҳамтои қирғизаш Эрлан Абдилдаев мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин мулоқот бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон сурат гирифта, "тарафҳо масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кирғизистон ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва масъалаҳои сарҳадӣ ва наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.”
Ба иттилои манбаъ зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба амалисозии созишҳои бадастомадаи сарони ду кишвар, қарорҳо ва протоколҳои Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсози Тоҷикистону Қирғизистон, комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ табодули назар намудаанд.