ВИДЕО: Беҳтарин “соҳибон”-и замини вилояти Хатлон маълум шуданд
Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМТ) эълон кард, дар озмуни “Зан соҳиби замин” 30 нафар барранда шудаанд.
Матлуба Улҷабоева, раҳбари АМСХМТ дар маросими вижае ба хотири қадрдонӣ аз ғолибон, ки дар шаҳри Душанбе сурат пазируфт, гуфт, барои ширкат дар озмун беш аз 400 нафар ариза-анкета пур кардаанд. “Кумитаи коршиносони озмун, ки аз ҳисоби масъулони вазорат, кумитаҳои дахлдори давлатӣ, ҳамчунин ташкилотҳои ҷаъмиятӣ созмон ёфта аст, аз ин миён 30 нафарро дар ду номинатсия -- Беҳтарин саҳмдор ва Беҳтарин раҳбари хоҷагии деҳқонӣ ғолиб донист”.
Озмуни “Зан соҳиби замин” шурӯъ аз 6 декабри соли 2013 барои занҳое эълон шуд, ки дар қаламрави вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд ва роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермериро ба ӯҳда доранд.
Хонуми Улҷабоева гуфт, далели маҳз дар қаламрави вилояти Хатлон баргузор намудани озмун ин буд, ки занҳои меҳнатқарини минтақаи мазкур камтар дар экранҳои телевизион зоҳир мешаванд ва озмунҳое барои онҳо баргузор намешавад. “Ҳимояи ҳуқуқ ба замин барои занҳо хеле душвор аст, ҳарчанд онҳо ҳаққи дарёфти заминро доранд. Умед мекунам, чорабинии мазкур метавонад дар самти тақвияти ҳифзи ҳуқуқи занҳо ба замин кӯмак расонад ва дар ин самт на танҳо ташкилотҳои хориҷӣ, балки давлат ҳам саҳми бештар мегузорад”,-илова намуд, номбурда.
Мақсади асосии гузаронидани озмуни “Зан соҳиби замин”-ро ташкилкунандаҳои он ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занҳо ба самти роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ, инчунин баланд бардоштани нақши фаъолияти соҳибкорӣ тавассути ба даст овардани замини саҳмӣ унвон карданд.