Изҳори эҳтироми Абдулқодирзода ба исмоилиён ва ҳушдор ба салафиҳо
Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки дар мавъизаи гузаштааш аз эътиқоди баъзеҳо ба вуҷуди Имоми замон интиқод кард, имрӯз, 4-уми апрел зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе гуфт, ӯ Имоми замони пайравони Исмоилияро дар назар надошт.
Абдулқодирзода изҳор дошт, ки ба пайравони мазҳаби Исмоилия эҳтироми зиёдеро қоил аст, “чун мо солиёни дароз бо исмоилиён дар як кишвар дар сулҳу оромӣ якҷоя зиндагӣ дорем.” Раиси Шурои уламои Тоҷикистон илова кард, Имоми замонеро дар назар дошт, ки ба бовари баъзе гуруҳҳо 1300-1400 сол пеш дар кӯҳ вориди ғор шуда, ҳанӯз ҳам зинда ва интизор берун рафтан аз ғор аст: “Нафаре назди ман даромаду шикоят кард, ки ба ӯ гуфтаанд, агар ба Имоми замони ҳазору 400 сол пеш, дар ғор даромадаасту то ҳол набаромадаасту касе ҳам ӯро надидааст, имон надошта бошӣ, кофир ҳастӣ, ман инро дар назар доштам.”
Дар идома Абдулқодирзода бе зикри ном аз бархе торнамоҳои кишвар интиқод намуд, ки ба гуфтаи ӯ бо маблағи хоҷагони хориҷияшон кор мекунанд ва тоқати дидани пешравиҳо дар Тоҷикистонро надоранд: “Чун пешравии ҳаррӯзаи миллату давлатро мебинанд, чашмонашон сих мезананд.”
Дар баробари ин раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ зимни адои намози ҷумъа аз пайравони салафия ва шиаи "Исноъашарӣ" интиқод намуда, гуфт, куҷое пайравони ин ду гуруҳ аст, он ҷо нооромӣ аст. Сайидмукаррам Абдулқодирзода ҳушдор дод, ки вақтҳои охир дар Масҷиди марказии Душанбе ба онҳо хабарҳо расида истодаанд, ки бархе намозгузорон пояшонро паҳн мемонанд ва ба намозгузории дигарон халал мерасонанд.
“Ҳоло чанд нафаре дар инҷо ҳастанд, аз салафиҳо мебинед, ки дар саф халал меоранд. Дар намоз ҳаст, то охири намоз пояшро мебараду меорад. Халал мерасонанд, ба намозгузорон. То охири намоз фикру ҳушаш ба ҳамон ду пояш ҳаст, бечора... Чанборҳо шикоят кардаанд, "ҳазрати муфтӣ! Ҷавоне дар намоз пояшро мебараду болои поям мемонад, поямро мегирам, боз оварда мемонад. То охири намоз фикрамро парешон кард, ки намедонам, чӣ гуфтам." Масъалаи пойро дар намоз паҳн мондану наздик мондан, инро фуқаҳо ҳал кардаанд. Бар асоси мазҳаби Ҳанафия пой баробари китф бояд монда шавад. Муҳим саф рост бошад, ки ин афзал аст.”- илова намуд, ӯ.
Абдулқодирзода хост, ин афрод ба амалашон хотима бахшанд ва бо ёдоварӣ аз расман мамнуъ шудани ҳаракати Салафия дар Тоҷикистон афзуд, “коре накунед, то ба мақомоти дахлдор ва ҳифзи ҳуқуқ арзу шикоятҳо кунанд, ки омада инҷо чандин нафарро ба маҳкама кашанд. Ӯ сабаби ба такрор дахл карданаш ба масоили шиаҳои “Исноашарӣ” ва ҳаракатҳои мамнуулфаъолият ба мисли Салафияро шарҳ дода, гуфт, “бо ду чашми сарам дидаам, ки ингуна ихтилофоти динӣ чи гуна мардумро ба хуну обу оташ кашидаанд. Садҳо ҳазор нафар сарсону овора шуданд. Бас нест, якбор?! Боз ҳамин ҳаракатҳову низоъҳои динию мазҳабӣ?!”
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идома таъкид кард, ки ба ҳеч гуруҳ вобастагӣ надораду пайрави мазҳаби Имоми Аъзам мебошад: “Аз аввали рӯзҳои кориам таъкид мекунаму ҳанӯз ҳам дорам, ки ба ҳеч гуруҳ вобастагӣ нестаму динам дини Ислом ва мазҳабам мазҳаби Ҳанафия аст, ки гузаштагони ману Шумо аз ҳамин мазҳаб пайравӣ доштанд.”