Талаби 19 соли зиндон барои аммабачаи Рустами Хаммер
Айбдоркунандаи давлатӣ барои Баҳодур Шарифови 27-сола, писараммаи Рустам Ҳайитов, мулаққаб ба Рустами “Хаммер”, ки дар қочоқи маводи мухаддир айбдор мешавад, 19 соли зиндон талаб кардааст. Шарифов дар ҳамдастӣ ба Рустами Хаммер муттаҳам мешавад, ки дувумӣ ба ҳайси раҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ ҳанӯз моҳи августи соли 2012 ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Мавлудҷон Салихов, вакили дифои Баҳодур Шарифов, ба “Озодагон” гуфт, дар назар аст, ки имрӯз, 4-уми апрел зерҳимояаш сухани охиринашро дар додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе баён кунад: “Баъди сухани охирини зерҳимояам, додрас ба хонаи машваратӣ меравад.”
Баҳодур Шарифов, зимни боздошти Рустами Хаммер фирор карда, охири соли гузашта боздошт шуда буд. Қаблан Шарифов гуфта буд, ки дар ягон кори Рустам Ҳайитов шарик набуда, сабаби фирораш танҳо аз тарс будааст.
Рустам Ҳайитов, мулаққаб ба “Хаммер”, ки мақомот ӯро роҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ медонанд, соли 2012 ба 24 соли зиндон маҳкум гардид. Вай ба унвони яке аз қочоқчиёни маводи мухаддир таҳти пайгард қарор дошта, моҳи январи соли 2011 бо 42 кило ҳероин боздошт шудааст.