Қарзовӣ дар бораи рафтанаш аз Қатару наомадан ба масҷид
Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди уламои исломии ҷаҳон сабаби наомаданаш ба намозҳои ҷумъаи ахир дар масҷиди ба номи Умар ибн ал-Хаттоби Давҳаро шарҳ додааст.
Қарзовӣ дар суҳбат бо торнамои Qaradawi.net гуфтааст, “сабаби ҳузур надоштанам дар намозҳои ҷумъа банд будан бо бархе умури шахсӣ мебошад ва аз ҳафтаи оянда дубора ироаи хутбаро аз сар хоҳам гирифт.”
Раиси Иттиҳоди уламои исломии ҷаҳон овозаҳо дар мавриди тарки Қатар намуданашро беасос хонда гуфтааст, ӯ худро ҷузъи ҷудо нашавандаи ин кишвар ҳисобида ҳеч гоҳ ба якборагӣ аз он берун нахоҳад рафт: “Замоне ман вориди Қатар шудам, 35 сол доштам, ҳоло бошад дар сини 88-солагӣ қарор дорам, қисми зиёди умрам дар ин кишвар сипарӣ шудааст. Тамоми мардуми Қатар аз мард то зан маро эҳтиром қоиланду дӯст медоранд, ки муҳаббати ман ҳам аз эшон кам нест.”
Юсуф Қарзовӣ дар бораи ба сардӣ гароидани муносибати Қатар бо бархе давлатҳои Халиҷ, аз ҷумла бозхон шудани сафири Арабистони Саудӣ аз Давҳа ба ватан, ки дар пайи изҳороти ӯ алайҳи ҳокимони ин кишварҳо мунҷар шудааст, изҳор медорад, “ин гуна қазияҳо бо хости Худованду гузашти вақт ҳалли худро хоҳанд ёфт.”
Қарзовӣ 88 сол дошта, яке аз руҳониёни маъруфи мисрӣ ва раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон мебошад. Ӯ бо нашри китобу мақола ва барномаҳои телевизионии динияш миёни мардуми мусулмон мавқеи хосеро касб карда, вақтҳои охир бо мавқегириҳои шадид нисбат ба бархе ҳукком ва сарони кишварҳои арабӣ дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифтааст. Ӯ тӯли беш аз 50 сол мешавад, Мисрро ба қасди Қатар тарк карда, то кунун имом-хатибии масҷиди Умар ибн ал-Хаттоби шаҳри Давҳаро ба зимма дорад.