Интиқоли “рекордӣ”-и маблағ ба Тоҷикистон аз тарафи муҳоҷирон
Бонки марказии Русия ҳаҷми маблағеро, ки дар соли 2013 аз ин кишвар ба Тоҷикистон фиристода шудааст, 4 миллиарду 173 миллион доллари амрикоӣ ҳисоб кардааст, ки дар муқоиса бо соли пешӣ 14,3 дарсад зиёд мебошад.
Ин ниҳод мегӯяд интиқоли маблағ аз Тоҷикистон низ ба Русия 62 дарсад афзоиш ёфта, соли гузашта 586 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми маблағҳои гирифтааш, миёни кишварҳои ИДМ дар ҷои дуюм қарор дорад. Аксари ин маблағҳоро муҳоҷирони меҳнатии тоҷик интиқол додаанд, ки ба иттилои Хадамоти федералии муҳоҷират ҳудуди 1 миллион нафарро ташкил медиҳанд.
Аз ҳама зиёд дар соли гузашта маблағ аз Русия ба Узбакистон фиристода шудааст, ки 6 миллиарду 689 миллион долларро ташкил медиҳад. Баъд Тоҷикистон ва дар зинаи сеюм бо 3,424 миллиард доллар Украина қарор дорад. Дар маҷмуъ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар соли гузашта 21 миллиарду 726 миллион доллар интиқол дода шудааст.