Ҳайати нави ҳукумати Қирғизистон таъйид шуд
Ҳайати нави ҳукумати Қирғизистон эълон гардид. Ин ҳайати тозатаъйин, рӯзи 3 апрел зимни ҷаласаи парлумонӣ, бо аксари оро аз сӯи Эътилофи аксарият дар парлумони Қирғизистон таъйид шудааст.
Аммо ба назари Омурбек Текебаев раҳбари ҷиноҳи парлумонии Ҳизби “Ота макон”-и Қирғизистон, тағйироти ҷиддие дар кабинаи вазирони кишвараш сурат нагирифтааст.
Аз сӯи дигар, Ҳаракати миллии мухолифони Қирғизистон аз норозигии худ ба аъзои нави ҳукумати кишвараш хабар дода, гуфтааст, рӯзи 10 апрели соли ҷорӣ ба хотири нишон додани эътироз даст ба тазоҳурот мезанад. Камчибек Ташиев, яке аз раҳбарони ин ҳаракат дар нишасти хабарие гуфтааст, “Вақте аъзои ҳукумат ба истеъфо рафт, ба ҷои он кабинаи вазироне ташкил карда шавад, ки эътимоди мардумро ба даст овардаасту дар зудтарин муддат барои сокинон шароити мусоид фароҳам меорад. Ине ки ба ҷои Сотиболдиев Оторбаев омадааст, маънои ягон пешравиро надорад.”
Расонаи хабарии Tushtuk руйхати аъзои ҳукумати тозатаъйини ин кишварро ба тартиби зайл нашр кардааст, ки иборат аз 15 вазир ва чаҳор муовини сарвазиру сарвазир мебошад:
Ҷоомарт Оторбаев - Сарвазир
Тайирбек Сарпашев— муовини сарвазир;
Абдурраҳмон Маматалиев— муовини сарвазир оид ба умури амнитию тартибот ва масоили марзӣ;
Элвира Сариева— муовини сарвазир оид ба умури иҷтимоӣ;
Валерий Дил— муовини сарвазир оид ба умури иқтисодӣ ва сармоягузорӣ;
Камила Талиева — вазири фарҳанг, сайёҳат ва иттилоот;
Темир Сариев— вазири иқтисод ва сиёсати зиддиинҳисорӣ;
Абдилда Суранчиев— вазири умури дохилӣ;
Динара Сагинбаева — вазири тандурустӣ;
Канатбек Садиков — вазири маориф ва илм;
Алиясбек Алимкулов — вазири ҷавонон, меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
Каликбек Султанов — вазири нақлиёт ва комуникатсия;
Алмамбет Шикмаматов — вазири адлия;
Кудайберген Базарбаев — вазири рушди иҷтимоӣ;
Олга Лаврова — вазири молия;
Таалайбек Айдаралиев — вазири кишоварзӣ ва мелиоратсия;
Осмонбек Артикбаев — вазири энергетика ва саноат;
Эрлан Абдилдаев — вазири умури хориҷӣ;
Кубатбек Боронов — вазири ҳолатҳои фавқулода;
Таалайбек Омуралиев — вазири дифои Қирғизистон
Дар пайи парокандашавии эътилофи аксарият дар парлумонии Қирғизистон 19 марти соли ҷорӣ ҳукумати ин кишвар низ ба истеъфо рафта буд.