Омӯзиши забони давлатӣ барои ҳамаи шаҳрвандон шарт ва зарур аст
Мири шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон Мақсатбек Женбеков бо изҳори як фармон роҳбарони тамоми корхонаву муассисотро новобаста аз шакли моликияташон маҷбур кард, то ҳар ҳафта то 3 соат дар коргоҳашон омўзиши забони қиғизиро ба роҳ монанд.
Ҳамчунин ў аз зердастонашон тақозо кардааст, то теъдоди дақиқи шаҳрвандоне, ки забони қирғизиро намедонанд, фавран омода ва манзур созанд. Дар ин фармони мири Ҷалолобод аз чумла омадааст, «фавран дар хусуси теъдоди намояндагони миллатҳое, ки то ин муддат забони қиғизиро балад нашудаанд, ба кумиссияи забони давлати маълумот ирсол доред». Ин тақозои шаҳрдорӣ ба роҳандозии як барномаи омўзиши забони давлатӣ дар муассисоту корхонаҳо барои миллатҳои дигар рабт доштааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ин мири миллатдўст дар изҳороти хатиаш шаҳрвандони русзабонро «поймолкунандагони такдири қирғизҳо» номида, гуфта буд, ки онҳо бениҳоят зарари зиёд ба кишвар мерасонанд. Он вақт мири Ҷалолобод аз мардум тақозо карда буд, ки аз ҳолати шарм доштани сухангуӣ бо забони қирғизӣ бадар оянд ва аз тафаккури ғуломӣ ба хотири маъқул шудан ба миллати дигар озод шаванд.
Дар ҳамин ҳол созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар дар Қирғизистон аз ин тасмими шаҳрдори Ҷалолобод изҳори нигаронӣ кардаанд. Аъзои созмони "Справедливост " гуфтаанд, дар назари аввал ин тасмими шаҳрдорӣ барои манзалати забони давлатӣ нигаронида шудааст ва аммо агар фаротар биравем мебинем, ки ин тасмим маҳудиятҳоеро барои аққалиятҳои миллӣ ба вуҷуд меорад. {jathumbnail off}