Мусодираи "Электроника М", корхонаи дигари Зайд Саид
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, субҳи имрӯз, 3-юми апрел дар як мурофиаи нимсоатӣ бинои ҶСК “Электроника М”, воқеъ дар кӯчаи Айнии Душанберо, ки ба Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик марбут аст, мусодира намудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов хабар дода, афзуд, ки қарори додгоҳ бо даъвои Оҷонсии зиди фасоди Тоҷикистон бароварда шуд: “Даъвои оҷонсӣ ин буд, ки гуиё замони хусусӣ кардани ин бино, қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2003 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба номгуйи ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки саҳмияҳояшон дар тендерҳои инвеститсионӣ пешниҳод мегарданд, риоя нашудааст. Аз ин хотир додгоҳ қарор баровард, ки санади харидуфуруши ҶСК “Электроника М” бекор дониста шавад.”
Ба иттилои Исҳоқ Табаров дар бинои мазкур корхонаи муштараки Эрону Тоҷикистон оиди истеҳсоли нушокиҳо - “Табаррук” ҷойгир шудааст.
Манбаъ мегӯяд, 50 дарсади саҳмияҳои корхонаи “Табаррук” ба Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва боқимонда 50 фисади саҳмияҳо ба Алиризои Бустонӣ, cоҳибкори эронӣ тааллуқ доштааст.
Маврид ба зикр аст, ки давоми 1 моҳи охир додгоҳҳои Тоҷикистон нисбати 6 корхонаи марбут ба Зайд Саидов ва хонаводааш - фурӯшгоҳи “Модная точка”, “Тоҷикмармар”, бинои воқеъ дар хиёбони Лоиқ Шералӣ, “Тоҷсохтмон-байналмиллал”, “Гулистон” ҳукм бароварда, ҳамаи ин корхонаҳоро ба ҳисоби давлат мусодира кардааст.