Сохтмончиёни тоҷик кӯзаи қадимии пури танга ёфтаанд
Сохтмончиён зимни бунёди хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Истаравшан кӯзаеро ёфтаанд, ки 1461 тангаи қадимии мисин доштааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз аз ҳукумати шаҳри Истаравшан хабар дода, афзуданд, ки ин кӯзаи пурганҷ зимни бунёди манзили истиқоматӣ дар ҷамоати Қалъаи Манора ёфт шудааст.
Манбаъ афзуд, феълан ин тангаҳо барои ташхис ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд супорида шуда, аз ҷониби мутахассисон замони истеҳсол ва арзиши тангаҳо муайян мешавад: «Дар кўза ҳамагӣ 1461 танга буд, ки он ҳангоми аз зери хок берун овардан, каме шикастааст, вале тангаҳои он бошад, осебе надидаанд.”
Манбаъ таъкид кард, ки дар пайи муайян шудани арзиши ин тангаҳо, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, аз чаҳор як қисми он бояд барои шахсони дарёфтнамуда дода шавад.