Сабти нахустин ҳолатҳои “облава” дар Душанбе (ВИДЕО)
Сокинони маҳаллаи Мирзобеки ноҳияи Шоҳмансури Душанбе мегӯянд, рӯзи 2-юми апрел шоҳиди “облава”-и бархе аз ҷавонони маҳаллаашон шудаанд.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи мазкур 2-юми апрел, 7 нафар, ки 3 нафарашон либоси низомӣ доштанд, савори нақлиёти “Газел”, бе ҳузури раиси маҳалла ба хонаи ҷавонони синни ҳарбӣ даромада, чанд ҷавонро маҷбурӣ ба микроавтобус даровардаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар арафаи даъвати баҳории наваскарон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон супориш дод, аз усулҳои ғайриқонунии ҷалби наваскарон ҷилавгирӣ шавад ва ҷавонон тариқи тарғиби ватандустӣ ба хидмати ҳарбӣ ҷалб гарданд.
Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофеаи Тоҷикистон низ дар пайи нашри фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи даъвати баҳории наваскарон гуфт, ин раванд тибқи талаботи қонунҳои кишвар сурат мегирад: “Облава намешавад. Чунин мафҳум умуман дар қонунгузории кишвар вуҷуд надорад.” Маҳмадалиев таъкид намуда буд, ки он ҳама гуфтугузорҳои қаблӣ, ки гӯиё дар гузашта аз роҳҳои ғайриқонунӣ барои ҷалби наваскарон истифода мешудаанд, беасосанд ва аксаран далели мушаххас надоранд. Видеои ҷалби ҷавон ба хидмати ҳарбӣ, ки охири соли 2013 нашр шудааст: