Ҳусни Муборак дар бораи бозгашташ ба сиёсат ва номзадии Сисӣ дар интихобот
Ҳусни Муборак, раисиҷумҳури барканоршуда ва зиндонии Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ, собиқ сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишварашро арзандатарин номзад ба мақоми президентӣ хондааст.
Тибқи иттилои нашрияи “ал-Мисрӣ ал-Явм”, Муборак гуфтааст, Сисӣ ягона нафарест, ки метавонад, Мисрро аз ин буҳрони пешомада берун барад. Ӯ аз пешбарӣ шудани номзадии Ҳамдейн Сабоҳӣ, асосгузори Ҳаракати мардумии Миср ба интихоботи президентӣ шадидан интиқод карда, изҳор доштааст, ки ин шахс аслан барои раисиҷумҳури кишвараш шудан муносиб нест.
Ҳуснӣ Муборак дар мавриди нақшаҳои ояндаи худ, аз ҷумла баргашташ ба сиёсат, афзудааст, ки аз ин корҳо хаста шуда, мехоҳад, канор равад: “Барои миллату кишвари худ зиёда аз 60 сол, бахусус 30 сол дар неруҳои низомӣ хидмат кардаам ва фикр мекунам, кофист.”
Мардуми Миср қарор аст, рӯзҳои 26 ва 27 майи соли ҷорӣ президенти ояндаи худро интихоб кунад. То кунун танҳо Ҳамдейн Сабоҳӣ ва Абдулфаттоҳ Сисӣ аз иштироки худ дар интихобот ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ хабар додаанд.
Гуфта мешавад, Абдулфаттоҳ Сисӣ яке аз номзадҳои аслӣ дар ин интихобот ба шумор меравад. Сисӣ асосгузори кудетои низомии Миср аст, ки ба сарнагунии ҳукумати тозатаъсиси Муҳаммад Мурсӣ сабаб шуд.
Коршиносони мисрӣ мегӯянд, азбаски Сисӣ аз пешбарии номзадияш дар ин интихобот хабар додааст, майли сиёсатмадорон барои иштирок дар ин корзори сиёсӣ нисбат ба интихоботи қаблӣ, ки бо пирӯзии Мурсӣ анҷом ёфт, хеле кам эҳсос мешавад. Дар интихоботи президентии ахири Миср, ки охирҳои моҳи майи соли 2012 баргузор гардид, 13 номзад расман сабти ном шуда, ҳудуди даҳ нафари дигар бо сабабҳои номаълум аз иштирок дар корзор маҳрум шуда буданд.