Оғози тафтиши “таҳдид”-ҳои Ҳукумов ба “ИмрӯзNews” (ВИДЕО)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон “таҳдид”-и Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов), собиқ раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистонро нисбати рӯзномаи “ИмрӯзNews” мавриди тафтиш қарор додааст.
Тавре ба “Озодагон” маълум гардид, бархе аз иштирокдорони нишасти матбуотӣ, ки зимни он Амонуллои Ҳукуматулло ба хабарнигорони “ИмрӯзNews” таҳдид кардааст, барои додани баёнот ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон даъват шудаанд. Манбаи “Озодагон” гуфт, даъват ва пурсиши шоҳидон идома дорад.
Амонулло Ҳукуматулло, рӯзи 29 январ зимни нишасти матбуотӣ, вақте сухан аз писараш Рустам Ҳукумов рафт, ба нашрияи “ИмрӯзНюз” ҳушдор дода, аз онҳо хост, эҳтиёт бошанд. Раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, “медонам, соҳиби “ИмрӯзНюз” кист, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт кунед.” Масъулини “ИмрӯзNews” ин изҳороти Ҳукуматуллоро таҳдид хонда, аз мақомоти дахлдор хостанд, қазияро пайгирӣ кунанд.
Видеои нишасти матбуотии Амонуллои Ҳукуматулло: 29-уми январи соли 2014
Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), собиқ раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки номи ӯ инчунин дар пайи садамаи писари 16-солааш моҳҳо боз дар сархати расонаҳо қарор дорад, 4-уми феврал бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 98 ба нафақа фиристода шуд.
Амонулло Ҳукуматуллои 63-сола соли 2002 ба курсии раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон нишаста, 12 сол боз зимоми ин корхонаро дар даст дошт. Номи вай дар се соли охир дар пайи қазияҳои марбут ба писараш -- Рустам ва Расул вирди забонҳо шуда, ҳамин тавр, дар сахати расонаҳо қарор гирифт. Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло, соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд, ки ин хабар ҳангоми боздошти ду халабони як ширкати русӣ дар Қӯрғонтеппа расонаӣ гардид. Раҳоии Рустам низ бо раҳоии ин ду халабони ширкати русӣ рост омад, ки ҳадсу гумону суолҳоеро то ҳол боқӣ гузоштааст.