Нуралӣ Давлат: Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳеч ваҷҳ сохтмони НБО-и Роғунро дар Тоҷикистон ҷонибдориву маблағгузорӣ намекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дошт, ки моҳи ноябри соли равон маҷрои рӯдхонаи Вахшро дар маҳалли эҳдоси Роғун бандад. Аммо 15-уми август намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, ки барои таҳқиқу баҳодиҳии вазъи сохтмони НБО-и Роғун ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, эълон доштанд, ки Тоҷикистонро зарур аст барои як муддати муайян аз корҳои сохтмонӣ дар Роғун худдорӣ варзад. Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон дар бунёди сохтмони ин тавлидгоҳи азими барқӣ ба ҳимояти Бонки Ҷаҳонӣ умед баста буд. Акнун суоли матраҳ ин аст, ки чаро ва барои чӣ аз сӯи коршиносони БҶ чунин тасмим гирифта шуд? Кадом омилҳо бойиси ин иқдом шудаанд? Дар ин маврид ва атрофи ҳамин баҳс «Озодагон» бо Нуралӣ Давлат, коршиноси мустақил, муаллифи чандин мақолаву таҳлилҳо оид ба НБО-и Роғун сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод, ки инак фишурдаи онро пешниҳоди шумо менамоем. Озодагон: Пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ оиди худдорӣ дар сохтмони марҳилаи аввали Роғун сабабҳои техникӣ дорад, ё омилҳои дигари таъсиркунанда ҳам мавҷуданд?Нуралӣ Давлат: Ба назари ман ин тасмими сиёсӣ аст. Ҳамон вақте, ки Тоҷикистон барои гузарондани ташхиси НБО-Роғун ба Бонки Ҷаҳонӣ ризояит дод, ман дар бархе ҳафтаномаҳои Тоҷикистон назари худро навишта будам, ки «ин институти молиявӣ сохтмони Роғунро ҷонибдорӣ намекунад». Гузашта аз ин, ҳанӯз дар моҳи марти соли 2006, вақте, ки бозиҳои ширкати абарқудрати русии РусАл дар масъалаи НБО-и Роғун шурӯъ шуданд, дар ҳафтаномаи «Миллат» навишта будам, ки НБО-и Роғун ба як масъалаи сиёсӣ табдил ёфтааст. Барои тақвияти ин андеша чанд далел ҳам оварда будам. Яке аз онҳо қазияи сохтмони нерӯгоҳи Асвони Миср дар солҳои 50-уми асри ХХ аст, ки дар сарнавишти он Бонки таҷдид ва рушд, яке аз сохторҳои асосии кредитии ҳамин Бонки Ҷаҳонӣ нақши манфӣ бозида буд. Ба андешаи инҷониб, масъалаи Роғун баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба масъалаи сиёсӣ мубаддал гаштааст, ки он вақт Бонки Ҷаҳонӣ вориди ин қазия нагашта буд. Далели дигар ин буд, ки Бонки Ҷаҳонӣ филиали вазорати молияи Амрико аст. Агар Вашингтон аз ин тарҳ ҷонибдорӣ мекард, Бонки Ҷаҳонӣ маблағи заруриро барои бунёди НБО Роғун медод. Пас, чаро 1 -2 миллард доллар ба Тоҷикистон надод? Дар ҳоле ки хуб медонист, барқи ин нерӯгоҳро муттаҳиддини асосии Вашингтон дар минтақа Афғонистону Покистон мехаранд. Ин ҷо ҳам ду сабаб вуҷуд дорад. а) Вашингтон на ба дӯсти самимӣ будани Покистон бовар дораду на ба пирӯзии худ дар Афғонистон. Ин ки Амрико дар Афғонистон шикаст хӯрдааст, шумо метавонед ягон зарра шубҳа накунед. Эътирофи шикасти Артиши Амрико дар Афғонистон аз ҷониби Кохи Сафед вақт мехоҳад. б) Вазифаи аслии Бонки Ҷаҳонӣ нобуд кардани саноат ва кишоварзӣ дар ҷаҳони сеюм аст. Ин бонк як василаи пуриқтидорест барои Амрико ва дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар даврони неоколониализм. Аз ин рӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ сохтмони чунин иншоот дар Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳои ҷаҳони сеюмро на ҷонибдорӣ мекунад ва на маблағгузорӣ мекунад. Агар вазъият ё манфиатҳои Амрико инро тақозо накунад. Озодагон: Дар мавриди маслиҳати Бонки Ҷаҳонӣ оиди ба таъхир андохтани сохтмони марҳилаи аввали Роғун нақши Ӯзбакистони ҳамсоя эҳсос мешавад ё хайр?Нуралӣ Давлат: Бале… Зоҳиран, Бонки Ҷаҳонӣ баъди муроҷиати ҳукумати Ӯзбакистон дар соли 2009 вориди қазияи Роғун гардид, тасмимҳои ахири ҳукумати вақ ти Каримов ва парлумони ин кишварро дар ростои тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон ҳамагон медонанд ва ҳоҷати такрори он нест.Озодагон: Ба фикри Шумо мақомоти Тоҷикистон бояд ба маслиҳати Бонки Ҷаҳонӣ гӯш диҳанд ё ҳар чӣ зудтар ба корҳои сохтмонии марҳилаи аввал оғоз кунанд? Нуралӣ Давлат: Аслан, Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ наметавонад «маслиҳат»-и Бонки ҷаҳониро сарфи назар кунад, зеро побанди ин ниҳоди молист. Мо ислоҳоти иқтисодиеро, ки Тоҷикистонро аз бӯҳрон набароварду баръакс кишварро сол то сол пойбанди қарзҳои бештари хориҷӣ кард, бо маслиҳати Бонки Ҷаҳонӣ роҳандозӣ карда будем. Ҳоло ҳам мо чӣ кардану накарданро бо маслиҳати ҳамин бонк анҷом медиҳем. Пас, чӣ гуна метавонем аз татбиқи маслиҳатҳои он сарпечӣ кунем? Дар ин сурат Бонки Ҷаҳонӣ фишангҳои зиёди худро истифода мекунад. Яке аз ин фишангҳо талаби баргардондаи қарзҳояш аст. Ин қарзҳоро Тоҷикистон аз кадом ҳисоб бармегардонад? Озодагон: Оғози сохтмони марҳилаи аввал ба муносибати Тоҷикистону Бонки Ҷаҳонӣ ва кишварҳои дигару Аврупо чӣ таъсире дорад? Нуралӣ Давлат: Тоҷикистон тавсия ё маслиҳати Бонки Ҷаҳониро сарфи назар намекунад. Барои шумо мисоли мушаххас даркор аст? Қатъи фурӯши саҳмияҳои Роғун чаро сурат гирифт? Ин «маслиҳат»-и намояндаи ана ҳамин бонк, ҷаноби Шиммелпфенниг дар моҳи апрели соли 2010 буд. Акнун ҳоло навбати марҳилаи дигари тавсиядиҳии Бонки Ҷаҳонӣ расидааст. Аммо барои он ки Тоҷикисон тасмими Бонки Ҷаҳониро дар мавриди НБО-и Роғун ором бипазирад ва вокуниши манфӣ нишон надиҳад, «ғарб» гашти наве кард ва дар Шӯрои Аврупо ба президент Эмомалӣ Раҳмон унвони «Пешвои асри ХХI»-ро эъто кард. Озодагон: Ваъдаи Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи он ки баъд аз анҷоми мусбати ташхиси истгоҳи Роғун барои ин лоиҳа сармоягузор хоҳад ёфт, то куҷо амалишаванда аст? Бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ ба ин лоиҳа кӣ метавонад сармоягузорӣ кунад?НуралӣДавлат: Анҷоми мусбати ташхиси нерӯгоҳи Роғун аз омилҳое, ки дар боло зикр кардам, вобастагӣ дорад. Дар акси ҳол ягон хел ташхиси мусбат ба Тоҷикистон пешниҳод намешавад. Муҳимтарин омил дар зимн ҳамон аст, ки дар боло гуфтам. Агар мавҷудияти НБО –и Роғунро манфиатҳои Амрико тақозо кунанд, барои Бонки Ҷаҳонӣ пайдо кардани 2-3 миллиард доллар мушкил нест. Озодагон: Шумо нусхаи аслии ҳамин натиҷаро аз сомонаи бонк ё аз ҷойи дигар хондед? Зеро баъзеҳо мегӯянд расонаҳо инро ба қавле ҳангома (сенсатсия) кардаанд? НуралӣДавлат: Ман иттилои чандин расонаро дар ин бора хондам. Хулосаи ҳама қариб як аст. Аммо ман аз қабл ба ин андеша будам ва онро дар саҳифаҳои «Дайджест-пресс» навишта будам. Ҳафтаномаи «Нигоҳ» низ ин андешаи маро чоп карда буд. Бинобар ин, хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ барои ман ягон ҷои ҳайрату тааҷҷуб надошт. Ин хулосаи аз қабл маълум буд ва онро бояд дар Тоҷикистон интизор мешуданд. Озодагон: Ин пешниҳоди БҶ ба сафари қарибулвуқӯи Дмитрий Медведев рост омад, ин ҷо кадом асроре ҳаст? НуралӣДавлат: Не, ман ба андешаи бисёр коршиносони хориҷӣ мувофиқам, ки Бонки Ҷаҳонӣ филиали Вазорати молияи Амрико аст ва тасмимҳои худро бо Русия мувофиқа намекунад, алалхусус дар мавриди сохтмони НБО-и Роғун.
Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева{jathumbnail off}