Фирӯз Боқӣ, сухангӯи идораи умури дохилии Суғд ба хабарнигори минтақавии "Озодагон" иттилоъ дод, ки Мӯъминҷон Муҳиддинов аз моҳи сентябри соли 2010 ба ин ҷониб, барои нарафтани фарзанди ноболиғаш Ризқаойи Мӯъминҷон, ки соли таваллудаш 1995 аст, барои рафтан ба мактаб иҷоза надодааст.
Зимнан, тафтиши чунин қазия дар додситонии шаҳри Истаравшан идома дорад- афзуд, ин манбаъ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бар пояи иттилоъи комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати Суғд, сар аз оғози соли хониши 2010-2011 ҳудуди 117 –ҳодисаи дур мондани ноболиғон аз гирифтани таълими ҳатмӣ дар мактабҳои Суғд ба қайд гирифта шудааст.
Аъзам Холмирзоев, котиби комисияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати Суғд мегӯяд, сабаби аслии дур мондани ноболиғон аз гирифтани таълими ҳатмӣ дар мактабҳо, ба далели ноустувории хонаводаҳо ва муҳоҷирати пайвастаи волидон сурат мегирад, ки дар чунин шароит кору бори хонавода умдатан бар дӯши кӯдакон вогузор шуда ва аслан онҳо имкони ба мактаб рафтанро надоранд.
Гуфтанист, дар соли гузаштаи 2010 нисбати 60 нафар падару модар, барои монеъ шудан ба гирифтани таълими ҳатмии фарзандонашон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буд.