Футбол: Дэвид Мауто, Мубин Эргашев ва Хуршед Дадобоев беҳтаринҳои моҳи март
Дэвит Мауто, нимҳимоятгари тими “Истиқлол”-и Душанбе беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар моҳи март эълон шуд.
Тавре торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар пайи назарсанҷии ин ниҳод, ҳамчунин Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол” беҳтарин тренер ва Хуршед Дадобоев, довари хуҷандӣ беҳтарин довар эътироф шудаанд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2012 ҳар моҳ беҳтаринҳои футболи кишварро эълон мекунад. Беҳтаринҳоро ҳайати доварон муайян месозанд. Онҳое, ки ба унвони беҳтарин даст ёфтаанд дар ҳаҷми 500 сомонӣ (ҳар кадом) ҷоиза мегиранд.