Дар Қазоқистон фаъолияти рӯзномаи оппозитсионии “Ассанди-Таймс” манъ шудааст
Бо қарори додгоҳ фаъолияти рӯзномаи оппозитсионии “Ассанди-Таймс” дар Қазоқистон манъ шудааст.
Хазинаи байналмилалии ҳифзи озодии баён – “Адил Соз” гуфтааст, ки сешанбеи 1 апрел, додгоҳи ноҳияи Медеуси Алмаато бо даъвои прокурори ин ноҳия бидуни ширкати ҷавобгарон ғоибона ҷаласаи судӣ баргузор намуда, қарор кардааст, фаъолияти “Ассанди-Таймс” қатъ карда шавад. Далели ин қарор дар ҳайати расонаи манъшудаи “Республика” будани нашрия будааст.
“Республика”-ро моҳи ноябри соли 2012 бо иттиҳоми фаъолиятҳои экстремистӣ қатъ карданд.
Иҷрочиёни додгоҳӣ 2 апрел дафтари “Ассанди-Таймс”-ро кофтуков намуда, санадҳои онро бо худ бурдаанд.
Интизор меравад, имрӯз Сергей Дуванов, сардабири рӯзномаи “Ассанди-Таймс” ва ҳуқуқшиноси ин нашрия дар робита ба қарори додгоҳ нишасти хабарӣ баргузор намоянд.