Путин созишнома дар бораи иҷозаи 3-солаи кор ба тоҷиконро имзо кард
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, имрӯз, 2-юми апрел созишномаи тасвибшуда дар бораи ироаи иҷозаи сесолаи корро барои муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Русия ба тасвиб расонд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Русия иттилоъ дода, афзудааст, ки имзои ин ҳуҷҷат барои таъмини шароити кории шаҳрвандони Тоҷикистону Русия дар қаламрави тарафайн, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ мусоидат мекунад.
То ҳол Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки бе низоми раводид вориди ин кишвар мешаванд, то 1 сол ҳаққи кор медод. Баъди сипарӣ шудани ин муҳлат шаҳрванди хориҷӣ уҳдадор буд, марзи Русияро убур кунад, то дигарбора соҳиби иҷозаи кор гардад.
Тибқи созиши нав шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон метавонанд дар қаламрави тарафайн то се сол бе убури марз иҷозаи кор дарёфт кунанд. Теъдоди тоҷикистониён дар қаламрави ин кишвар ҳудуди 1,3 миллион нафар арзёбӣ кардааст.