Тоқон Мамитов аз ҳукумати Қирғизистон хориҷ шуд
Тоқон Мамитов, ноиби нахуствазир ва вазири дифои Қирғизистон, ки масъули гуфтушунидҳои марзӣ бо Тоҷикистон буд, ба ҳайати ҷадиди ҳукумати ин кишвар роҳ наёфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти парлумони Қирғизистон вакилони мардумӣ, имрӯз – 2-юми апрел барномаҳои сохторӣ ва ҳайати ҷадиди ҳукумати ин кишварро баррасӣ ва қабул кард. Дар ҳайати нави ҳукумати Қирғизистон ба ҷоиТоқон Мамитов номзад аз фраксияи “Ор-номус” Абдураҳмон Маматалиев пешбарӣ шудааст.
Тоқон Мамитов моҳҳои охир роҳбарии ҳайати Қирғизистонро дар гуфтушунидҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба уҳда дошт ва бо изҳороти тундаш нисбати мақомоти тоҷик вирди забонҳо буд. Бархе аз масъулини қирғиз шиддат ёфтани муносиботи Тоҷикистону Қирғизистонро дар моҳҳои охир лаҳни тунди Мамитов зимни гуфтушунидҳо бо мақомоти тоҷик рабт доданд.