АКС: Раҳмон хост пойбандии Тоҷикистон аз гӯшту шири воридотӣ кам шавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи сафари корияш ба Суғд корхонаи истеҳсоли 10 тонна ширро дар як шабонарӯз ба истифода дода, дастур додааст, ки пойбандии Тоҷикистон дар бахши маҳсулоти гӯштию ширӣ аз хориҷ коҳиш ёбад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаи ширбарорӣ таъкид кардааст, ки чунин корхонаҳо бояд дар сартосари кишвар ба фаъолият оғоз кунанд, то воридоти маҳсулоти гӯштӣ аз хориҷ коҳиш биёбад.
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ҳамзамон дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи 4 ситорадори Хуҷанд -делюкс ширкат намудааст. Ба гузориши дафтари хадамоти матбуотии раисиҷумҳур ин меҳмонхона аз тарафи соҳибкор - Абдуқодир Абдураҳмонов ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Дар меҳмонхонаи Хуҷанд -делюкс худи ҳамин рӯз хатнатуйи 50 кӯдакон аз хонаводаҳои камбизот баргузор гардидааст.
Дар доираи сафари кории худ Эмомалӣ Раҳмон инчунин маркази таълимии истеҳсоли ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии Шерозро ба истифода додааст, ки дар назди ҶСШК “Зиннат” бунёд шудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, қолинҳои дастбофи тоҷикӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидории худро аз даст дода, ҳамакнун соҳибкорони ҳуҷандӣ аввалин шуда ба ин кор таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Гуфта мешавад, ки барои ҷорӣ намудани усулҳои эронии қолинбофӣ 3 нафар бонуи мутахассис аз Эрон даъват шуда, давоми сол бо занону духтарони тоҷик омӯзиш хоҳанд гузаронд.